Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Ҳафтаи забони русӣ ба охир расид
Нашр шуд
Мутахассисон аз Русия тӯли як ҳафта дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз забони русӣ дарс гуфтанд.
Ҳафтаи забони русӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 9 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шуда, баъдан дар муассисаҳои таълимии Данғара ва Кӯлоб идома ёфт, рӯзи 13 декабр бо семинар-машварати мутахассисони забони русӣ таҳти унвони «Забони русӣ дар Тоҷикистон имрӯз ва фардо: зарурати забони русӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ» ба анҷом расид. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи барномаи Ҳафтаи забони русӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами таълими забони русӣ ҳамчун забони ғайримодарӣ ва хориҷӣ, мушкилоти фаъолсозии нутқи донишҷӯён дар синф ва дарсҳои беруназсинфӣ ва интихоби касб баррасӣ шуд.
Инчунин дар доираи барнома мутахассисони рус аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо ва гимназияҳо боздид карда, барои муаллимон дар заминаи усулҳои нави таълими забони русӣ дар Маркази захиравии «Русия бо шумост» семинар баргузор карданд.
Андрей Патрушев, раҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон дар ҷамъбасти Ҳафта суханронӣ карда, дар бораи фаъолияти намояндагӣ дар заминаи ҳифз, дастгирӣ ва тарғиб ва таълими забони русӣ, баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, ки дар “Хонахои русӣ” дар Душанбе ва Хуҷанд барои омӯзгорон ва ҷавонон баргузор гардид, гузориш дод.
Дар идома Патрушев аз лоиҳаҳои ризокорӣ бо номи «Устодони забони русӣ», «Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон» ва "Ризокорони забони русӣ", «Барои забони русӣ!», ки мавориди таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон қарор гирифт, ёдоварӣ кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки соли равон намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон ба мактабу муассисаҳои томактабӣ дар ин кишвар беш аз 13 ҳазор адад китоб ҳадя кардааст.
Дар баробари ин бояд таъкид кард, ки ахиран таҷрибаомӯзии ғолибони озмуни байналмилалии ҳаракати ризокории «Барои забонӣ русӣ!» дар Душанбе ба охир расид. Тайи як моҳ Мане Мурадян аз Донишгоҳи Русияву Арманистон ва Екатерина Василева аз Донишгоҳи давлатии Угра дар муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон таҷрибаомӯзиро анҷом доданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед