Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ҳанӯз масъалаи ваксиназанӣ ба кӯдаконро баррасӣ накардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳанӯз масъалаи ваксиназанӣ ба кӯдаконро баррасӣ накардаанд
Акс: Рӯзномаи "Вечерка"

Дар Тоҷикистон ҳанӯз масъалаи ваксиназанӣ ба кӯдаконро баррасӣ накардаанд

Нашр шуд

Як масъули Вазорати тандурустӣ гуфт, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон масъалаи эмкунии кӯдакон ба зидди коронавириус баррассӣ нагаштааст. 

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат ба “Авеста” ин матлабро баён доштаву гуфтааст, ки дар асоси талаботи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, эмкунии кӯдакон танҳо замоне матраҳ мешавад, ки беш аз 60 дарсади сокинони калонсол ваксина бигиранд. 

Ин мақоми Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст, ки то 1-уми ноябр ҳудуди 2 миллиону 700 ҳазор нафар аз аҳолии Тоҷикистон ваксина гирифтаанд, ки ин баробар ба 46, 4 дарсад аст. 

Қаблан Вазорати тандурустӣ эълом намуда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинон ба ваксина фаро гирифта шаванд. 

Айни замон дар Тоҷикистон панҷ навъи ваксина аз коронавирус - CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfaizer ва "Спутник V" ба аҳолӣ пешниҳод мешавад. 

Ҷопон барои эмкунии кӯдакони тоҷик 3 миллион доллар кумак менамояд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед