Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон намуданд
Акс: ASIA-Plus

Дар Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон намуданд

Нашр шуд

Рӯзи 16-уми марти соли 2022 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба эълон кардани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро ба тасвиб расонд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ин иқдомро дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва ихтисор кардани санҷишҳо гуфтааст.

Мӯҳлати мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1-уми январи соли 2023 муқаррар гардидааст.

Таъкид шудааст, ки ҷиҳати таъмин намудани муносибатҳо марбут ба монаторий ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, аз натиҷаи амалишавии мораторий ба санҷишҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маълумоти таҳлилӣ омода мекунад.

Назорати риоя ва иҷрои ин фармон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мораторияи қаблии дусоларо Эмомалӣ Раҳмон дар аввали соли 2019 эълон карда буд. Дар фармони имзошуда дар назар дошта шуда буд, ки ҳама гуна санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот боздошта шаванд.


Дар Душанбе нишасти соҳибкории Тоҷикистону Австрия баргузор гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед