Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон барои ҷалби занон ба корҳои роҳбарӣ барномаи махсус таҳия мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои ҷалби занон ба корҳои роҳбарӣ барномаи махсус таҳия мешавад
Акс: Sputnik

Дар Тоҷикистон барои ҷалби занон ба корҳои роҳбарӣ барномаи махсус таҳия мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон барномаи вижаи давлатӣ барои тарбия ва ҷалби занону бонувон ба корҳои роҳбарӣ таҳия мешавад. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи модар ин матлабро зикр кард.

Президент гуфт, ки айни замон бо супориши вай дар кишвар «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия шуда истодааст. 

Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои занону бонувон фазое ба вуҷуд оварда шудааст, ки метавонанд озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки рушди муназзаму устувори ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону бонувон ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, ҳарчи бештар ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 

Чанд сол қабл бо як фармони Президент рӯзи озодии занон, ки ҳамасола 8-уми март таҷлил мешуд, ба Рӯзи модар тағйири ном кард. Дар ин рӯз Президент ва дигар мақомдорони тоҷик модарону бонувони кишварро таҳният мегӯянд. 

Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳояш ба ҷалби занону бонувон ба корҳои давлатӣ таъкид менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми ахири хеш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки занону бонувон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва бахшҳои дигар нақши мустақиму озодона дошта бошанд.


Дар Афғонистон занон паймон кардаанд, ки тиллои худро барои дастгирии муқовимат ба фурӯш бароранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед