Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон барои арзёбии хисороти заминҷунбӣ коргурӯҳи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои арзёбии хисороти заминҷунбӣ коргурӯҳи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд
Аксҳо: аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон барои арзёбии хисороти заминҷунбӣ коргурӯҳи ҷумҳуриявӣ таъсис шуд

Нашр шуд

Дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳаҷми хисороти заминларза таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири ин кишвар Коргурӯҳ (комиссия)-и ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории расмии «Ховар».

Қобили зикр аст, ки шаби 23-юми март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Ба навиштаи ин манбаъ, маркази заминларза дар 132-километрии самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50-километрии шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96-километрии шаҳри Хуҷанд дар деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчо умқи 11-километр воқеъ буд.

Гуфта мешавад, ки нерӯи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, рӯзи 23 март соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ бори дуюм дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад, ки нерӯи он 4,8 баллро ташкил дод.


Таъкид мешавад, ки маркази зилзилаи дувум низ дар наздикии деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчо буд. Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.

Зикр мешавад, ки бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон бархе корбарони Фейсбук иттилоъ додаанд, ки бар асари заминҷунбии рӯзи 23-юми март даҳҳо оғилхонаи сокинони деҳаҳои Пакшифу Палдорак ва Роғу Деҳманораи ноҳияи Кӯҳистони Мастчо хароб шудаву баъзе аз хонаҳои истиқоматӣ низ кафидаанд.


Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо хисороти заминларза ба ноҳияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчо сафар карда, бо сокинони аз офати табиӣ зарардида мулоқот кардаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед