Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марказҳои махсуси хидматрасонӣ месозанд
Нашр шуд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои кӯмак ба муҳоҷирон марказҳои вижаи хидматрасонӣ бунëд менамояд.
Дафтари матбуоти ин вазорат хабар додааст, ки марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ сохта мешаванд.
Манбаъ меафзояд, дар ин марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва малакаҳои ибтидоии касбӣ ба хотири дарёфти ҷойҳои кори беҳтар ва шароити бехавфи зиндагӣ дар кишварҳои дигар омӯзонида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин марказҳо ба муҳоҷирон вобаста ба баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо ва ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳо гузаронида шуда, мутахассисон муқаррароти асосии асноди байналмилалии лозимаро таълим медиҳанд.
Гуфта мешавад, аллакай бунëди бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар оғоз ëфтааст ва он тибқи лоиҳа аз 3- ошёна иборат хоҳад буд.
Инчунин дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газу барқ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегарданд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” бо мақсади беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна таҳия шудааст.
Маблағи умумии ин лоиҳа ҳудуди 34,65 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз он 30,0 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 миллион доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 миллион доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа аз ҷумла, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, ҳамчунин се маркази хизматрасонии муҳоҷирон бунëд ва ба истифода дода хоҳанд шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед