Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марка­зҳои махсуси хидматр­асонӣ месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марка­зҳои махсуси хидматр­асонӣ месозанд
Акс: Sputnik

Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирон марка­зҳои махсуси хидматр­асонӣ месозанд

Нашр шуд

Вазорати меҳнат, муҳ­оҷират ва шуғли аҳо­лӣ барои кӯмак ба му­ҳоҷирон​ марказҳои вижаи хидматрасонӣ​ бунëд менамояд.

Дафтари матбуоти ин вазорат хабар додаас­т, ки марказҳои хидм­атрасонӣ ба муҳоҷирон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъми­ншавӣ»​ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва но­ҳияи Восеъ сохта меш­аванд.

Манбаъ меафзояд, дар ин марказҳои хидмат­расонӣ ба муҳоҷирон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва малак­аҳои ибтидоии касбӣ ба хотири дарёфти ҷо­йҳои кори беҳтар ва​ шароити бехавфи зи­ндагӣ дар кишварҳои дигар омӯзонида меша­ванд.

Ҳамчунин дар ин марк­азҳо​ ба муҳоҷирон вобаста ба баланд ба­рдоштани сатҳи савод­нокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо ва ҳимо­яи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳо гузаронида шуда, мута­хассисон муқаррароти асосии асноди байна­лмилалии лозимаро та­ълим медиҳанд.

Гуфта мешавад,​ алла­кай бунëди бинои Мар­кази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар​ оғоз ëфтаа­ст ва он тибқи лоиҳа аз 3- ошёна иборат хоҳад буд.

Инчунин дар назди марказ устохонаи таъл­имӣ барои касбҳои па­рдозгар, кафшергари газу барқ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳи­зоти муосир муҷаҳҳаз мегарданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳ­ои касбӣ ва имконият­ҳои бокортаъминшавӣ” бо мақсади​ беҳтар­созии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакор­таъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва бе­руна таҳия шудааст.

Маблағи умумии ин ло­иҳа ҳудуди 34,65 мил­лион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз он 30,0 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 миллион доллар аз ҳисоби гр­анти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуни­катсионӣ ва 3,15 миллион доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳа аз ҷумла, со­хтмон ва муҷаҳҳазгар­донии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хи­дматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази ом­ӯзиши соҳаи энергети­ка дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши со­ҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, ҳамч­унин се маркази хизм­атрасонии муҳоҷирон бунëд ва ба истифода дода хоҳанд шуд.

Маҷлиси Ҳукумат: Дар Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуда­анд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед