Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои содироткунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мегардад
Нашр шуд
Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон" ба ӯҳдаи Агенти содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Чӣ тавре, ки Агентии содироти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бо қарори ҳукумати кишвар аз 30-юми апрели соли 2021 «Барномаи давлатии рушди содироти ҶТ барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст, ки дар доираи он баргузор намудани озмун байни содироткунандагон низ пешбинӣ гардидааст.
Агентӣ қайд менамояд, ки тариқи озмун ҳавасманд намудани содироткунандагони ватанӣ, афзоиши ҳаҷм ва сифати маҳсулоти содирот ва арзиши баланди иловагии маҳсулоти содиршаванда ҳадафҳои асосии татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи мазкур мебошанд.
Ба таъкиди манбаъ, аз байни намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар назди Агентии содирот Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон" таъсис дода шудааст.
Соли 2020 содироти маҳсулоти Тоҷикистон 1 миллиарду 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 232,5 миллион зиёд буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед