Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон беш аз 2,3 млн тонна ангишт истихроҷ шудааст
Нашр шуд
Тоҷикистон нақша дорад, ки дар соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро то ба 3 миллион тонна расонад.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 2 миллиону 377 ҳазору 276 тонна ангишт истихроҷ гардидааст, хабар медиҳад «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ба иттилои ин манбаъ, айни замон дар Тоҷикистон 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ дар 12 кон ангишт истихроҷ мекунанд. Иттилоъ дода мешавад, ки фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли гузашта 1 миллиону 692,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Таъкид мешавад, ки ба ҳолати 28 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа зиёда аз 880 ҳазор тонна ангишт мавҷуд буда, нисбат ба соли гузашта, ҳудуди 470 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат беш аз 1 миллион тонна ё 45 дарсад аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 1 миллиону 366 ҳазор тонна ё 55 дарсад аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истихроҷ гардидааст. Инчунин аз ангишти истихроҷшуда 65 дарсад ба таври кушод ва 35 дарсад ба таври зеризаминӣ истихроҷ шудааст.
Қобили зикр аст, ки кони ангишти «Фон-Яғноб» дар Осиёи Марказӣ бузургтарин кони ангишти коксшаванда мебошад. Ҳамчунин мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, захираҳои кони ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб» ва кони ангишти «Назарайлоқ», ки дорои ангишти антратсит мебошад, конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешаванд.
Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт - коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед