Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор тон моҳӣ сайд шуд
Нашр шуд
Давоми 8 моҳи соли равон дар Тоҷикистон воҳидҳои моҳипарварӣ беш аз 2000 тон моҳӣ сайд карданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар ширкатҳои моҳипарварии Тоҷикистон сайди моҳӣ 2026,1 тонро дарбар гирифт. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» иттилоъ дод.
Ба навиштаи ин манбаъ, ширкатҳои моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-августи соли равон ба маблағи 53 милёну 400 ҳазор сомонӣ моҳӣ парвариш карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,8 дарсад зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки дар ин миён дар ширкатҳои моҳипарварии вилоятҳои Хатлон — 1201,5 тон, Суғд — 500,1 тон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон— 0,8 тон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат — 312,8 тон, Турсунзода — 3,5 тон, Рӯдакӣ — 2,5 тон, Нуробод —2 тон, Файзобод 1,9 тон ва Шаҳринав 1 тон моҳӣ парвариш гардидааст.
Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 866 тон намуди пешониғафси сафед, 165,9 тон — зағорамоҳӣ, 344,9 тон — гулмоҳӣ, 231,3 тон — амури сафед, 6,1 тон — суфмоҳӣ ва 411,9 тонро дигар намуди моҳиҳо дар бар мегирад.
Тибқи дурнамо, соли равон воҳидҳои моҳипарварӣ дар Тоҷикистон бояд 5100 тон моҳӣ парвариш кунанд.
Бар асоси омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар айни замон дар ин кишвар 381 воҳиди моҳипарварӣ бо масоҳати 2744 ҳектор ҳавз фаъолият доранд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед