Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар барои напардохтани алименти фарзандон таҳти пайгард ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар барои напардохтани алименти фарзандон таҳти пайгард ҳастанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар барои напардохтани алименти фарзандон таҳти пайгард ҳастанд

Нашр шуд

Хадамоти иҷрои ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 22 ҳазор арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ карда, зиёда аз 400 нафарро барои напарохтани алименти фарзандон дар кофтуков эълон кардааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ 16 339 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи беш аз 58 млн сомонӣ, 612 ҳазор доллар, 50 ҳазор евро ва 178 млн тангаи Қазоқистон таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат ба манфиати давлат 20 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 616 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба маблағи умумии 32,6 миллион сомонӣ, 606 ҳазор доллар, 178 миллион тангаи Қазоқистон ва 50 ҳазор евро рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 7 млн сомонӣ ва 538 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Ба манфиати шахсони воқеӣ бошад, дар ин муддат 121 санади иҷро ба маблағи 4 миллиону 313 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор доллар ситонида шудааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бинобар саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 128 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти додситонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Аз сӯи дигар нисбат ба 418 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон гардида, барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар ирсол шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед