Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо сармояи Узбекистон фаъолият дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо сармояи Узбекистон фаъолият дорад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо сармояи Узбекистон фаъолият дорад

Нашр шуд

Дар вилояти Тошканд теъдоди корхонаҳои муштарак бо шарикони тоҷик се баробар афзуда аз 30 адад гузаштааст.

Аз 18-ум то 19-уми июни соли ҷорӣ як ҳайати Узбекистон таҳти сарварии Зойир Мирзоев раиси вилояти Тошканд дар вилояти Суғд қарор дошт. Дар доираи сафар дар ҳукумати Суғд мулоқоти раисони ду вилоят – Раҷаббой Аҳмадзода ва Зойир Мирзоев баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Тошканд хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, дар мулоқоти Аҳмадзода ва Мирзоев масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии мутақобилан судманди иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми савдо ва мубодилаи молу маҳсулот, ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои рушди босуръати имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ баррасӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» наздики 40 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилоят Зоир Мирзоев ширкат карданд.

Аз сӯи дигар Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо ҳокими вилояти Тошканд зикр кард, ки дар вилояти Суғд беш аз 1000 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, зиёда аз 250 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Ба гуфтаи вай, захираву имкониятҳо ҳанӯз фаровон аст ва доираҳои тиҷоратии ду тараф метавонанд ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи «Харитаи роҳ», ки дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тошканд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати вилояти Тошканд имзо шуда буд, ба рушди ҳамкории ду вилоят такони нав мебахшад.

Бояд қайд кард, ки агар дар давраи то соли 2016 дар минтақаи Тошканд танҳо 10 корхонаи муштарак бо шарикони Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо то имрӯз ба беш аз 30 расидааст.

Гардиши умумии савдои вилояти Тошканд бо Тоҷикистон 128 дарсад аз 10,7 миллион доллар то 13,7 миллион доллар афзуд.

Дар баробари ин дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо сармоягузории соҳибкорони Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед