Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст
Нашр шуд
Ба ҳолати 4 октябр дар Тоҷикистон 340 ҳазору 941 тонна анвои мева ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 92,5 ҳазор тоннаи он ангур аст.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ин кишвар майдони боғу токзор 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад, ки 39 ҳазору 922 гектараш токзор аст.
Хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад, ки бо ҳадафи тақвияти зарфияти содиротии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ дар ин кишвар 495 гектар боғ ва дар 25,8 гектар токзор бунёд намудаанд. Инчунин дар ин давра 219 гектар боғ ва 32,5 гектар токзор барқарор гардидаанд. Бояд гуфт, ки рӯзи 30 сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» тасвиб шуд.
Ин барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон бештар навъҳои ангури чиллагии сафед, зарифӣ, ҳисории пешпазак, кишмиши сиёҳ, кишмиши хушрӯ, кишмиши сафед, ҳусайнии сафед, қароҷанҷол, султонӣ, шакарангур, анзоб, тоифии сурх, нимранг, шаробӣ ва мускати сурх парвариш мешавад.
Бар асоси иттилои Оҷонси содироти Тоҷикистон, дар соли 2023 ин кишвар беш аз 51,1 ҳазор тонна ангурро ба маблағи зиёда аз 9,3 млн доллар ба хориҷа содир кардааст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед