Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон бо кумаки Русия аввалин афлокнамои интерактивӣ дар мактаб кушода шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бо кумаки Русия аввалин афлокнамои интерактивӣ дар мактаб кушода шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон бо кумаки Русия аввалин афлокнамои интерактивӣ дар мактаб кушода шуд

Нашр шуд

Дар маросими ифтитоҳи афлокнамо Андрей Корнеев, муовини вазири маорифи Русия ва Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.Гагарин дар Тоҷикистон аввалин синфхонаи дорои афлокнамои интерактивӣ кушода шуд, ки лоиҳа бо дастгирии Русия амалӣ гардид. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
“Имрӯз дар мактаби ба номи Юрий Гагарин як руйдоди муҳим аст - аввалин синфи интерактивии афлокнамо дар Тоҷикистон кушода шуд, ки ба шабакаи афлокнамоҳои мактабӣ дар Русия шомил шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Хотиррасон мекунем, ки мактаби ба номи Ю.Гагарин дар Душанбе аз ҷумлаи панҷ мактаби русӣ аст, ки соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода ба истифода дода шуда буд. Ҳоло дар ин мактабҳо 5,7 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд.

Русия барои сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистон наздики 150 миллион доллар сармоягузорӣ кард.

Аз сӯи дигар қаблан Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода буд, ки то охири соли ҷорӣ дар Душанбе сохтмони як маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони лаёқатманд тибқи созишномаи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ созишномаи бунёди ин маркази таълимӣ дар парлумони Тоҷикистон ва дар моҳи сентябр аз сӯи Думаи давлатии Русия тасвиб шуд.







Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед