Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон бонки нав ба фаъолият оғоз мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бонки нав ба фаъолият оғоз мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон бонки нав ба фаъолият оғоз мекунад

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ба як бонки нав ва як низоми байналмилалии интиқоли пул иҷозатномаи фаъолият дод.

Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин бора маркази матбуотии БМТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар маросими супоридани иҷозатнома Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба Даурен Нисинбаев, сарпарасти Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ суҳбат анҷом дода, ҷиҳати васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ин кишвар, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ дастуру тавсияҳо дод.

Дар навбати худ, Даурен Нисинбаев гуфт, ки ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои мавқеи муносиб пайдо намудан дар бозори хизматрасониҳои бонкии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва дастуру тавсияҳои додашуда истифода мебарад.
   
Бояд гуфт, ки дар моҳи апрели соли 2024 “Фридом Банк Казахстан” аз Оҷонсии танзим ва рушди бозори молиявии Қазоқистон барои таъсиси як намояндагии фаръӣ дар Тоҷикистон иҷоза гирифт.

Гуфтанист, айни замон дар Тоҷикистон 2 бонки давлатӣ, 12 бонки тиҷоратӣ ва намояндагии бонки "Тиҷорат"-и Эрон фаъолият дорад.

Дар баробари ин Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии интиқоли пул “UnionPay International Co. Ltd” низ иҷозатномаи фаъолият дод.

Қобили зикр аст, ки “UnionPay International” ширкати фаръии China UnionPay-и Чин буда, бо зиёда аз 2400 ширкат дар 180 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед