Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон боз як иди касбӣ таҷлил мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон боз як иди касбӣ таҷлил мегардад
Акс: asian24news.com

Дар Тоҷикистон боз як иди касбӣ таҷлил мегардад

Нашр шуд

Рӯзи 6-уми май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар мегардад.

Ин тасмимро вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 23-юми ноябр зимни баррасии тарҳи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пешниҳод ба моддаи 2-и тарҳи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардидаааст.

Гуфта мешавад, ки муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор корманди соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сарукор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед