Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон чанд дукони китобфурӯшӣ ҳаст? Вазорати фарҳанг посух дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон чанд дукони китобфурӯшӣ ҳаст? Вазорати фарҳанг посух дод
Акс: ASIA-Plus

Дар Тоҷикистон чанд дукони китобфурӯшӣ ҳаст? Вазорати фарҳанг посух дод

Нашр шуд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон шумори дақиқи дуконҳои китобфурӯшӣ ва китобхонаву нашриётҳо дар кишварро эълом кард.

Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг дар Душанбе Зулфия Давлатзода зимни эъломи шумори муассисаҳои фарҳангии кишвар гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 48 нуқтаи фурӯши китоб амал мекунад, ки аз ин 3-тояш давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин ба гуфтаи вазир, ҳоло дар кишвар 71 нашриёт (10 давлатӣ) ва 6084 китобхона фаъолият доштааст.

Таъкид гашт, ки дар марҳилаи кунунӣ дар фаъолияти китобхонаҳо нарасидани мизу курсӣ ва китобҳои тозанашри тахассусӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Лозим ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон пас аз роҳандозӣ гаштани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таваҷҷӯҳи мардум ба китобу китобхонӣ бамаротиб боло рафтааст. Вазорати фарҳанг ҳам моҳи июни имсол дар доираи ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб” ба 15 китобхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо беш аз 2832 нусха китобро ройгон тақдим намуда буд.

Намояндагони Вазорати маорифи Россия оиди донишҷӯёни тоҷик


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед