Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ду фурудгоҳ аз ҳисоби “хизмати пулакӣ” барқарор карда мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ду фурудгоҳ аз ҳисоби “хизмати пулакӣ” барқарор карда мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон ду фурудгоҳ аз ҳисоби “хизмати пулакӣ” барқарор карда мешаванд

Нашр шуд

Захираи сафарбаркунӣ дар Тоҷикистон як намуди хидмати ҳарбӣ мебошад, ки ҷавонон бо пардохти пули муаяйн ва як моҳи тамриноти низомӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешаванд.

Ду фурудгоҳи маҳаллӣ дар ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлони Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати дифои ин кишвар гузаштанд.

Дар ин бора дар қарори ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, хабар медиҳад ТАСС.

Тибқи санаде, ки дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон нашр шудааст, Вазорати дифоъ бояд онҳоро “аз ҳисоби маблағҳои барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ пешбиншуда” барқарор намуда, ба ҳолати омодагии доимӣ расонад.

Захираи сафарбарӣ як навъ хидмати ҷойгузини даъват дар артиши Тоҷикистон аст, ки даъватшаванда бояд маблағи пулӣ супорад ва баъдан ба ҷои мӯҳлати пурраи хидмат, як моҳ аз тамрини ҳарбӣ гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир маблағи хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон 54 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Истифода аз ин намуди хизмат тибқи саҳмияҳое, ки ҳар сол Вазорати дифои Тоҷикистон муаяйн мекунад, сурат мегирад.

Муҳлати пурраи хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони дорои маълумоти олӣ як сол ва барои шахсони бемаълумоти олӣ ду сол аст.

Бояд гуфт, ки дар охири моҳи августи соли 2023 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 20 фурудгоҳи маҳаллӣ ба тавозуни Вазорати дифои Тоҷикистон гузашта буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед