Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи дилерии “АвтоВАЗ”-и Русия ифтитоҳ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи дилерии “АвтоВАЗ”-и Русия ифтитоҳ мешавад
Акс: Ведомости

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи дилерии “АвтоВАЗ”-и Русия ифтитоҳ мешавад

Нашр шуд

Дар ояндаи наздик дар Душанбе фурӯшгоҳи дилерии “АвтоВаз”-и Русия барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот кушода мешавад.

Ба гузориши ТАСС, Евгений Коренков, роҳбари намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ аст, ки дар он фурӯшгоҳи “АвтоВАЗ” вуҷуд надорад ва ин корхонаи тавлиди мошин тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар Душанбе маркази дилерии худро ифтитоҳ намояд.

Коренков афзудааст, ширкати русии “АвтоВАЗ” изҳори омодагӣ кардааст, ки нахуст дар Тоҷикистон як маркази дилерӣ барои фурӯш ва нигаҳдории таҷҳизот боз намояд ва сипас онро ба як коргоҳи бузурги васлкунии мошинҳо табдил диҳад.

Вай бо ишора ба кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон таъкид дошааст, ки ҳамчунин ширкатҳои русии тавлидкунандаи техникаи кишоварзӣ ва кишоварзони тоҷик пас аз намоишгоҳи ахири техникаи кишоварзии Русия дар Душанбе дар бобати харидории мошинҳо тарафҳо ба тавофуқ расидаанд ва Бонки Рушди АвруОсиё тасмим гирифтааст барои ин кор қарз бидиҳад.

Намояндаи тиҷоратии Русия ҳамчунин ибрози итминон кардааст, ки дар оянда ширкатҳои бузурги мошинбарории Русия тавлиду васли мошинҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Бояд гуфт, ки моҳи октябри имсол дар дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе намоиши техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии истеҳсоли Русия таҳти унвони «Рӯзи саҳрои Русия ва Тоҷикистон» баргузор шуда буд ва кишоварзони тоҷик ба мошинҳои тавлиди Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуданд.

Тасмими “АвтоВАЗ” дар бобати ифтитоҳи маркази дилерӣ ва дар оянда табдил додани он ба коргоҳи бузурги васл ва тавлиди мошинҳо дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистону Ӯзбекистон низ созишномае дар мавриди таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳо ба тасвиб расонда буданд.

Айни замон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Акиа Авесто Автоматив Индастри" дар Душанбе автобусҳои замонавии тамғаи "Акиа"-ро истеҳсол мекунад.

Ин ширкат моҳи январи соли 2018 таъсис ёфта, автобусҳои тавлиднамудааш айни замон дар кӯчаҳои Душанбе ҳаракат мекунанд.


Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед