Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ибтило ба вируси норасоии масунияти одам коҳиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ибтило ба вируси норасоии масунияти одам коҳиш ёфтааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон ибтило ба вируси норасоии масунияти одам коҳиш ёфтааст

Нашр шуд

Эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон коҳиш меёбад, ки инро натиҷаҳои пажуҳишҳо дар нимаи аввали соли 2024 тасдиқ мекунанд.

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Аз рӯи натиҷаҳои пажӯҳишҳои шашмоҳа, мо коҳиши бемории ВНМО дар Тоҷикистонро мушоҳида мекунем», - гуфт вазир.

Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 591 ҳазору 265 санҷиши ташхиси бемории ВНМО гузаронида шуда, 501 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли 2023 шумораи гирифторони нав 86 нафар кам шудааст», - гуфт Абдуллозода.

Вай дар идома афзуд, ки бо вуҷуди зиёд шудани шумораи тадқиқот дар байни аҳолии ин кишвар, аз рӯи нишондодҳо, коҳиши ҳолатҳои нави сирояти ВНМО дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Вазири тандурустии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки сабти номи мубталоён ба ВНМО дар кишвар аз соли 1991 оғоз шуд.

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 16 ҳазору 630 нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин миён 4 ҳазору 501 нафар фавтидаанд.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар Тоҷикистон 12 ҳазору 79 нафар гирифтори ВНМО сабти ном шуда, таҳти муолиҷаи зиддиретровирусӣ қарор доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед