Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш таъсис меëбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш таъсис меëбад
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш таъсис меëбад

Нашр шуд

Сарвари давлат ба Академияи миллии илмҳо дастур дод, ки ҷиҳати дар сохтори Академия таъсис додани​ Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш​ чораҷӯӣ намояд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе зикр намуд.

Роҳбари кишвар таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши худ имконияти бамаротиб зиёд намудани содироти маводи аз лиҳози экологӣ тоза ва табииро дорад ва дар навбати аввал мо метавонем бо истифода аз гиёҳу обҳои шифобахши кишвар саёҳати табобатиро рушд диҳем.

"Дар самти истифодаи захираҳои табиати кишвар ва имкониятҳои соҳаи тандурустии мамлакат корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандони мо тадриҷан аз байн бурда шавад ва баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ва дигар намудҳои табобат ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад", - баëн дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент афзуд, ки муайян намудани захираи растаниҳои шифобахш барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли дорувории ватанӣ низ муҳим мебошад.

Дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар ин муассиса дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахти кишвар мулоқот кард ва зимни суханронӣ​ дар мавриди фаъолияти ширкатҳои дорусозии кишвар ва роҳҳои рушди ин бахш низ ибрози назар намуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди дорусозии ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳукумат соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шуда буд, ки мақсади асосии он таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мебошад.

Наврасони тоҷик барои ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Маскав рафтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед