Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон интиқоли бор ва мусофирон зиёд шудааст
Нашр шуд
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли бор 99,7 млн тонна ва мусофирон наздики 760 млн нафарро ташкил дод.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта интиқоли бор 15,2% ва интиқоли мусофирон 12% афзудааст.
Дар идома таъкид мешавад, ки дар ин муддат 95,1% бор ва 99,8% мусофирон дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ интиқоли байналмилалӣ 1,9 миллион тонна бор ва 58,1 ҳазор мусофирро дарбар гирифт.
Дар баробари ин зикр мешавад, ки ҳиссаи интиқолдиҳандагони Тоҷикистон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 57,5%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1% камтар аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед