Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфт
Акс: ASIA-Plus

Дар Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфт

Нашр шуд

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфтааст.

Дар ин бора Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода хабар дод. Вай бо зикри ин матлаб афзуд, ки Раёсати ин муассиса тасмим гирифтааст қабули довталабонро ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монад.

Ғафурзода ҳамчунин таъкид дошт, ки айни замон дар Академия 3824 донишҷӯ ва магистрант таҳсил менамоянд.

Лозим ба зикр аст, ки соли 2020 бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар сохтори Академияи идоракунии давлатӣ Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфта буд. Дар ин марказ аз соли 2018 лоиҳаи илмӣ - тадқиқотии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” бо гранти давлатӣ роҳандозӣ гардидааст, ки то соли 2022 идома меёбад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур то имрӯз китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 3 ҷилд ба нашр расидааст.

Таъсиси сомонаи расмӣ барои кор дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед