Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон Маркази миллии тарҷума таъсис дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Маркази миллии тарҷума таъсис дода мешавад
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон Маркази миллии тарҷума таъсис дода мешавад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ асноди лозимиро таҳия ва тасдиқ намоянд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба таъсиси Маркази миллии тарҷума низ таъкид кардааст.

Президент ҳадаф аз таъсиси ин марказро фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик унвон намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо баëни ин матлаб таъкид дошт, ки айни замон зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як маркази махсуси тарҷума фаъолият дошт, ки бештар ба тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ машғул аст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани биноҳои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳо ширкат намуда, бо шароити муосири донишомӯзӣ дар ин ҷо шинос шуд ва ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод. Аз ҷумла, вай пешниҳод намуд, ки  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.


Таъсиси сомонаи расмӣ барои кор дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед