Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон маркази раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии Узбекистон боз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон маркази раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии Узбекистон боз мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон маркази раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии Узбекистон боз мешавад

Нашр шуд

Узбекистон барои интихоботи порлумонӣ дар 39 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон қитъаҳои интихоботӣ боз мекунад. Аз ҷумла дар Русия ҳафт ва Қазоқистону Чин сетогӣ маркази раъйгирӣ кушода мешавад.

Дар ҷаласаи ахири Комиссияи марказии интихоботӣ дар бораи таъсиси марказҳои раъйгирӣ дар назди намояндагиҳои дипломатии Узбекистон дар кишварҳои хориҷӣ қарор қабул шуд. Дар ин бора сомонаи kun.uz хабар дод.

Ин тасмим дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар 39 кишвари хориҷӣ 56 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шуда, онҳо ба ҳавзаи интихоботии Тошканд шомил карда мешаванд.

Аз ҷумла, дар 29 кишвари ҷаҳон (Австрия, Озарбойҷон, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Маҷористон, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Испания, Италия, Кувайт, Латвия, Малайзия, Уммон, Покистон, Латвия, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Туркманистон, Украина, Фаронса, Швейтсария, Шветсия ва Ҷопон) яктогӣ маркази раъйдиҳӣ, дар ҳафт кишвар (Олмон, Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ) – дутоӣ, дар ду кишвар ( Қазоқистон ва Чин) - се ва дар Русия ҳафт нуқтаи раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии Узбекистон таъсис мешавад.

Бояд гуфт, ки ба ҳамаи панҷ ҳизби сиёсии Узбекистон иҷозат дода шудааст, ки дар интихоботи вакилони палатаи қонунгузории порлумон ва маҷлисҳои маҳалӣ, ки 27 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Дар ин интихобот 150 вакили маҷлиси қонунгузорӣ, 65 вакили маҷлиси ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон, инчунин вакилони маҷлисҳои вилоят, шаҳри Тошканд ва шаҳру ноҳияҳои Узбекистон интихоб мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед