Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон машқҳо бо ширкати низомиёни Русия оғоз шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон машқҳо бо ширкати низомиёни Русия оғоз шуданд
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон машқҳо бо ширкати низомиёни Русия оғоз шуданд

Нашр шуд

Тамринҳо бо иштироки 1000 нафар низомии Русия дар қаторкӯҳҳои пойгоҳи ҳарбии ин кишвар дар Тоҷикистон ҷараён доранд.

Тавре ОИР "Новости" хабар медиҳад, машқҳо дар кӯҳҳои Лоҳур (деҳа дар ноҳияи Рӯдакӣ) ва Сумбулаи (деҳа дар ноҳияи Ҳисор) Тоҷикистон шурӯъ шуда, ҳайати шахсӣ ҳангоми иҷрои амалҳои мудофиавӣ ва ҳуҷум аз системаҳои разведкавӣ-зарбавӣ ва оташфишонӣ истифода мебаранд.

Таъкид шудааст, ки ҷиҳати фароҳам овардани муҳити то ҳадди имкон наздик ба ҷанг дар ҳавзаҳои тамрин аз нишонаҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун кор мегиранд, инчунин хидматчиёни ҳарбӣ бо истифода аз дилхоҳ намуди силоҳи тирандоз, гранатомётҳо, мошинҳои ҳарбии мусаллаҳшуда амалҳои ҷангиро иҷро мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар буда, он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.



Русия барои иҷрои ду лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон 3,85 миллион доллар ихтисос намудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед