Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба кӯдакон низ зидди COVID-19 ваксина гузаронанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба кӯдакон низ зидди COVID-19 ваксина гузаронанд
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ба кӯдакон низ зидди COVID-19 ваксина гузаронанд

Нашр шуд

Айни ҳол дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон масъалаи ваксина кардани кӯдакон зидди бемории коронавирус мавриди муҳокима қарор дорад.

Ба иттилои расонаи "Азия-плюс", дар ҷомеа овоза паҳн гардидааст, ки ба наздикӣ чорабинии оммавии ваксина кардани кӯдакон оғоз меёбад.

Сардори шуъбаи бехатарии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ин овозаҳоро тасдиқ намуда, афзудааст, ки ҳақиқатан ҳам мавзӯи мазкур дар Вазорати тандурустӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Аммо Ҷаъфаров рӯзи муайяни амалӣ шудани нақшаи мазкурро нагуфтааст. Инчунин, синну соли кӯдаконе, ки ваксина карда мешаванд, низ ҳанӯз аниқ нест.

Дар баробари ин, то ҳол маълум, нест, ки кадом намуди вояи ваксина ба кӯдакон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тасдиқ намуд, ки ваксина кардани кӯдакон қобили қабул аст.

Тибқи маълумоти СУТ, ба кӯдакони аз синни 12 то 15 сола дар қатори дигар шаҳрвандони авлавиятдошта метавон ваксинаи ширкати Pfizer ва BionTech пешниҳод кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз,16-уми сентябр, 2 миллиону 231 ҳазор шаҳрванд (38.3%) вояи ваксинаро гузаронданд.



Дар Русия пешниҳод шуд, ки баъди ваксинагирӣ 3 рӯз рухсатии ҳатмии музднок ҷорӣ шавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед