Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад
Акс: Аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2025 интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон рӯзи 2 марти соли оянда таъйин мегардад.

Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон зикр шудааст, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ дар охири ҳамин моҳ баргузор мешавад.
“Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шавад. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъин карда шавад”,- омадааст дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки онҳо дар асоси интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ барои панҷ сол интихоб мешаванд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бошад 33 узв дорад, ки 25 нафари онҳо ба таври ғайримустақим аз сӯи маҷлисҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва ноҳияҳои тобеи марказ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Дар баробари ин 8 узви Маҷлиси миллӣ аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин карда мешавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед