Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон моякӯбии кӯдакон зидди сирояти пневмококкӣ оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон моякӯбии кӯдакон зидди сирояти пневмококкӣ оғоз шуд
Акс aif.ru

Дар Тоҷикистон моякӯбии кӯдакон зидди сирояти пневмококкӣ оғоз шуд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон аз 20 то 30-уми ноябр Рӯзҳои моякӯбии оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони аз якунимсола то панҷсола баргузор мешаванд. Дар ин бора масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ эълон карданд.

Дар ин замина тазаккур дода шуд, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ маҳсуб мешавад, зеро сирояти пневмококкӣ боиси афзоиши бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, ҳамчунин бемориҳое чун отити гӯши миёна, синусит ва бронхит мегардад.

Бо назардошти ин Ҳукумати Тоҷикистон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро дар нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии моякубӣ  барои солҳои 2021-2025 ворид кард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон соли 2022 ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро ба ин кишвар ворид карда, аз 1-уми ноябри соли 2022 моякӯбиро байни кӯдакони синнашон 2, 4 ва 12-моҳа оғоз кард.

Бо мақсади коҳиш додани бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони аз 15-моҳа то 5-сола, ки бар зидди сирояти пневмококкӣ масуният надоштанд, Вазорати тандурустии  Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 20 то 30 ноябр Рӯзҳои моякубии оммавиро амалӣ созад.

Дар ин замина зикр мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин маърака беш аз 800 ҳазор кӯдак дар саросари Тоҷикистон зидди сирояти пневмококӣ моякӯбӣ хоҳанд шуд.

Сирояти пневмококӣ як гурӯҳи бемориҳои сироятӣ мебошад, ки аз пневмокок падид меояд ва асосан кӯдаконро сироят мекунад.

Тибқи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед