Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон муҷозот барои “фолбинӣ ва ҷодугарӣ” сангинтар мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон муҷозот барои “фолбинӣ ва ҷодугарӣ” сангинтар мешавад
Акс: Мақомоти интизомии вилояти Хатлон

Дар Тоҷикистон муҷозот барои “фолбинӣ ва ҷодугарӣ” сангинтар мешавад

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки фолбину ҷодугарон барои то шаш моҳ кори иҷборӣ муҷозот шаванд. Дар ҳоли ҳозир ин афрод ба феҳристи ягона ворид карда шудаанд.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар қаламрави Тоҷикистон корҳои санҷишӣ ва  пешгирикунанда марбут ба риоя нагардидани талаботи қонунҳо, аз ҷумла "Қонуни танзим", "Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" идома дорад.

Дар идома таъкид мешавад, ки дар ин замина назорат аз болои шахсони ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда амалӣ карда шуда, барои ин гуна шахсон феҳристи ягонаи сабтином ҷорӣ карда шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карда, ки дар айни замон пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои чунин қонуншиканиҳо ба қонунгузории ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид пешниҳод кардааст.

Аз ҷумла тибқи ин тағйирот барои шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мешаванд, ҷазо дар намуди кори маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Қонуни ҷонқншикании маъмурии Тоҷикистон  барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2880-3600 сомонӣ) пешбинӣ шудааст. Дар сурати такроран дар давоми сол даст задан ба ин кор ҷарима  ба андозаи 60-100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (4320-7200 сомонӣ) татбиқ мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз аввали моҳи март 50 кас бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ боздошт ва муҷозот шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед