Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд
Акс: ASIA Plus

Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд

Нашр шуд

Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот барои хушунат ва зӯроварӣ нисбати кӯдаконро сахттар карданд.

Дар ин санад ҳаҷми ҷаримаи хушунат нисбати кӯдакон дар аз 180-300 сомонӣ то ба 420 сомонӣ баланд бурда шуд.

Гарчанд гузоришҳо оиди зуроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон зиёд нест, аммо мақомот мегӯянд барои аз байн бурдани “решаи хушунат” қонунҳои сахттар иҷро мекунанд.

Мардум аз боло бурдани ҷарима ва вазъи ҷазои сахт барои зӯроварии нисбати кӯдакон истиқбол кардаанд.

50 000 сомонӣ ҷарима ва ё ҳукми зиндон барои фиреби муҳоҷирон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед