Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ баргузор мегардад
Акс: SNG Today

Дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ низ баргузор мегардад

Нашр шуд

26-уми март Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал-Шараф вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи рушди варзиши велосипедронӣ дар минтақа ба баррасӣ кашида шудааст.

Дар рафти нишаст, Рустами Эмомалӣ пешниҳод намудааст, ки дар Тоҷикистон солҳои наздик мусобиқаи байналмилалии велосипедронии навъи кӯҳӣ ба роҳ монда шавад.

Ба иловаи манбаъ, пешниҳоди мазкур аз ҷониби Давид Лаппартиен ва Осама ал-Шараф қабул гардида, зикр ёфтааст, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар солҳои оянда низ дар кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 25-уми марти соли 2022 дар пойтахти кишвар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ оғоз гардида, он то рӯзи 30-юми ҳамин моҳ давом хоҳад кард.

Ҷиҳати иштирок дар ин маросими варзишӣ 428 намоянда аз 27 давлати дунё ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.


Варзишгарбонуи русу паҳлавонони тоҷик. Ғолибони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ муайян шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед