Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш наздики 90% иҷро шуд
Нашр шуд
Тибқи иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, давоми 45 рӯзи даъвати баҳорӣ 47 шаҳру ноҳияи ин кишвар дар мавриди иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ гузориш доданд.
Бо ҳамин тартиб, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 % иҷро намуданд.
Дар ин радиф, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 88 % баробар буда, дар ин миён ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозон ба артиш гузориш додаанд.
Дар баробари ин давоми 45 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 67 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят шаҳрҳои Панҷакент ва Бӯстон иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Таъкид мешавад, ки дар умум аз оғози даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ иҷрои нақшаи пешбинишуда, дар қаламрави Тоҷикистон наздики 90 дарсадро ташкил медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки даъвати ҳарбии ҷавонписарони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷараён мегирад ва писарони аз 18 то 27 солаи ин кишвар ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ барои хизмати сарбозӣ ҷалб карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки аввали моҳи май дар пойгоҳи як қатор қисм ва воҳидҳои низомии Артиши миллӣ савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории соли ҷорӣ доир гардид.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед