Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон нахустин Мактаби сармоягузории венчурӣ ба фаъолият пардохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нахустин Мактаби сармоягузории венчурӣ ба фаъолият пардохт
Акс: ASIA-Plus

Дар Тоҷикистон нахустин Мактаби сармоягузории венчурӣ ба фаъолият пардохт

Нашр шуд

Ташаббуси мазкурро Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пеш гирифтаанд.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, Мактаби сармоягузории венчурӣ бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои сармоягузории стартап-лоиҳаҳо дар Тоҷикистон пеш гирифта шудааст.

Зикр мешавад, сармоягузориҳои венчурӣ як навъ сармоягузорӣ ба стартап-лоиҳаҳое мебошад, ки дурнамои муваффақияти онҳо ҳанӯз рӯшан нест. Яъне, сармоягузор омода аст, ки лоиҳаи ҳанӯз дар марҳилаи аввал қарордоштаро маблағгузорӣ намояд. Дар аксари ҳолатҳо чунин стартапҳо ба тиҷоратҳои калон табдил меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсози донорҳо оид ба рушди бахши хусусӣ баргузор гардида буд, ки дар он масъалаи имкониятҳои рушди бозори сармоягузории венчурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.


Нахустин донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед