Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон наздики 90 дарсади аҳолӣ аз алоқаи мобилӣ истифода мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон наздики 90 дарсади аҳолӣ аз алоқаи мобилӣ истифода мекунад
Акс: Mediasat.info

Дар Тоҷикистон наздики 90 дарсади аҳолӣ аз алоқаи мобилӣ истифода мекунад

Нашр шуд

Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон гузориш дод, ки дар кишвар ҳудуди 90 дарсади аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд ва арзиши хизматрасониҳои ин соҳа ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ба 7,8 млн нафар расид, ки 89,5 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Дар идома гуфта мешавад, ки аз миёни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 61,94 дарсад мард, 37,8 дарсад зан ва 1,91 дарсад идораву корхонаҳо мебошад.

Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шумораи корбарони интернети мобилӣ ва собит дар ин кишвар ба 4,1 млн нафар мерасад.

Ҳамзамон ин ниҳод иддао кардааст, ки бо афзоиши иқтидор ва зарфияти техникии шабакаҳои мобилӣ ва алоқаи собит арзиши хизматрасониҳои алоқа, интернети мобилӣ ва собит мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар натиҷа арзиши миёнаи хизматрасониҳо нисбати моҳҳои аввали соли 2023 беш аз 100 дарсад паст карда шуд.

Дар ин баробар Хадамоти алоқа арзёбии “Mobile Data Affordability Index”, ки нархи 10 ГБ интернет дар Тоҷикистонро тақрибан 150 сомонӣ гуфта буд, комилан беасос ва дур аз воқеият донистааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ин ниҳод, суръати дастрасӣ ба интернет барои ҳар корбар дар соли 2024 ба 30-32 мегабайт дар сония расид, дар ҳоле ки як сол қабл суръати дастрасӣ ба интернет барои ҳар корбар 10-20 мегабайт дар сонияро ташкил медод.

Дар ин замина зикр мешавад, ки зарфият ва гунҷоиши техникии масирҳои берунаи дастрасӣ ба интернет бо иловаи масирҳои эҳтиётӣ ба андозаи 400 гигабайт дар сония густариш дода шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед