Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон назорати мошинҳои боркаш пурзӯр мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон назорати мошинҳои боркаш пурзӯр мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон назорати мошинҳои боркаш пурзӯр мешавад

Нашр шуд

Вазорати наклиёти Тоҷикистон дар саросари кишвар шумораи нуқтаҳои худкори ченкунии вазни мошинҳои боркашро зиёд мекунад. Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон айни замон 30 нуқтаи баркашӣ бо тарозуҳои собит, динамикӣ ва сайёр амал мекунанд.
 
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ояндаи наздик боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар роҳҳои ин кишвар кишвар, аз ҷумла дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии «Норак», «Гулистон»-и минтақаи Кӯлоб ва «Қизил-Қалъа»-и минтақаи Бохтар насб карда мешаванд.
 
Гуфта мешавад, ки ин тарозуҳо дорои имконияти васеъ буда, онҳо андоза ва вазни нақлиёти боркашро ҳангоми суръати баланди ҳаракат, ҳатто то 100-120 км/соат муайян карда метавонанд. Айни ҳол чунин тарозуҳо дар нуқтаҳои боркашии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва «Маданият»-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд истифода мешаванд.
 
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар нуқтаҳои баркашӣ дар маҷмуъ вазни беш аз 100 ҳазор воситаи нақлиёти боркаш чен шуда, ба онҳо сертификати боркашӣ дода шуд.
 
Дар ин миён бори аз андоза зиёди 185 нақлиёти боркаш ба миқдори 1289,5 тонна фароварда шуд, ки ин миқдор дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 139,3% зиёд аст.
 
Дар маҷмуъ дар ин давра 1014 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
 
Нисбати ронандагон бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санад тартиб дода, ба маблағи қариб 3,5 млн сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 300 ҳазор сомонӣ бештар аст.
 
Бояд гуфт, ки дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед