Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз ВНМО коҳиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз ВНМО коҳиш ёфтааст
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз ВНМО коҳиш ёфтааст

Нашр шуд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омори мубталоёни ВНМО-ро гуфт.

Сабоҳат Рустам, сардори шӯъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ додааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар маҷмӯъ 922 нафар шаҳрвандон мубталои ВНМО буда, 344 нафари онҳо занон мебошанд.

Таъкид шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2020 шумори гирифторони вируси мазкур 93 нафар камтар шудааст.

Ҳамчунин, намояндаи ин кумита шарҳ додааст, ки дар соли 2021 шумораи занони нашъаманд дар Тоҷикистон 107 нафарро ташкил дода, аксари онҳо занони ҷавон будаанд.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон  дар маҷмӯъ 4749 нафарро ташкил додааст. 

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2020 1015 ҳолати сироятёбӣ аз ВНМО-ро ба қайд гирифта буд.


Дастуре ба волидайн. Рисолаи маъруфи Иноятхонӣ Деҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед