Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон осори таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон осори бостонии қадимиеро кашф карданд, ки дар бораи 150 ҳазор сол пеш муҳоҷират кардани гуруҳҳои ибтидоии инсонҳо дар Осиёи Марказӣ маълумоти нодир медиҳад, иттилоъ медиҳад «Ховар» бо истинод ба маҷаллаи Antiquity.
Дар маҷалла, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «бостоншиносони донишгоҳи Исроил дар водии Зарафшон (Тоҷикистон) ёдгории бисёрқабатаи қадимиро дар мавзеи Сойи Ҳавзак кашф намуданд, ки он ба масир ва инкишофи ибтидоии инсоният равшании нав меандозад.
Роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ-профессор Йосси Зайднер хулосаҳояшро ба маҷаллаи Antiquity пешниҳод намудааст. Вай бозёфтҳои нодир, аз қабили асбоби сангин, устухонҳои ҳайвонот ва боқимондаҳои растаниҳои қадимиро, ки ба давраҳои гуногуни аз 20 ҳазор то 150 ҳазор сол пеш тааллуқ доштаанд, тавсиф намудааст.
Ба маълумоти вай, водии Зарафшон дар асрҳои миёна чун як қисмати Роҳи абрешим ҳанӯз қабл аз ин масири муҳими сукунати инсон будааст.
Ба назари бостоншиносон ин минтақа ҳамчун долони муҳоҷират барои намудҳои гуногуни одамон, аз ҷумла «Одами боақл» (Homo sapiens) ва неандерталҳо хизмат мекардааст. Ҳадафи пажуҳиш низ ба беҳтар фаҳмидани он ки кадом навъи инсон дар ин минтақа сукунат дошт ва чӣ гуна онҳо бо ҳам муошират мекарданд, унвон шудааст.
Зикр мешавад, ки гурӯҳ дар се қисмати Сойи Ҳавзак корҳои кофтуковӣ анҷом дода, якчанд қабатро кашф намуд, ки далели фаъолияти давомдори инсон мебошанд.
Боқимондаҳои органикии кашфшуда — устухонҳо ва чӯбу тахтаи сӯхташуда хуб нигоҳ дошта шудаанд, ки ин ба олимон имкон медиҳад иқлим ва шароити қадимиро, ки дар он одамони он замон зиндагӣ мекарданд, аз нав барқарор намоянд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед