Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон парки фановариҳои нави иттилооти таъсис мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон парки фановариҳои нави иттилооти таъсис мешавад

Дар Тоҷикистон парки фановариҳои нави иттилооти таъсис мешавад

Нашр шуд

Тоҷикистон баробари кишварҳои дигар бо замона қадам мегузорад. Ин аз ташаббусу лоиҳаҳои ба нақша гирифтаи давлат маълум мебошад. 

Сохтани IT-Park-ҳо дар кишварҳои АвруОсиё аз ҷумла, давлатҳои Ӯзбекистон,  Гурҷистон, Молдова, Украина, Беларус маъмул гаштаанд ва таъсири мусбии худро дар иқтисод исбот кардаанд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон низ мақсад дорад чунин IT-Park - боғҳои фановариҳои нави иттилоотиро таъсис диҳад. Ин нақшаҳои бузург дар нишасти онлайнии намояндагони бахши давлатӣ, хусусӣ ва коршиносон доир гардида, фикру ақидаҳо оиди ин масъала баррасӣ шуданд.

Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати консалтингии "StrategEast" ташкилотчии нишасти онлайнӣ буданд.

Барномаҳое, ки дар IT-Park-ҳо сохта мешаванд барои ҷавононӣ тамоми кишвар имкониятҳои бемаҳдудро фароҳам меорад ва барои расидан ба иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад. 

Россия барномаи СММ оид ба оморро маблағгузорӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед