Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон пиряхҳо тибқи қонун ҳифз хоҳанд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон пиряхҳо тибқи қонун ҳифз хоҳанд шуд
Акс: tajmedun.tj

Дар Тоҷикистон пиряхҳо тибқи қонун ҳифз хоҳанд шуд

Нашр шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 6-уми декабр лоиҳаи Қонуни ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ ва тасвиб карданд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 4 боб ва 20 модда иборат аст. Дар ин бора нашрияи порлумонии “Садои мардум” хабар дод.

Зарафо Қиёмзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки қабули Қонуни ҳифзи пиряхҳо иқдоми саривақтӣ аст, зеро пиряхҳо бахши  муҳими муҳити зист ва манбаъҳои истротежии захираҳои оби Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, ки ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо чун сарчашмаи сарсабзии табиат, роҳандозии корҳои омӯзишӣ, илмиву пажӯҳишӣ, назорат ва ҳифзи пиряхҳо тибқи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи порлумон зикр шуд, ки дар ин лоиҳаи қонун ваколатҳои мақомоти давлатӣ, вазифаҳои ниҳодҳои давлатии илмӣ дар ҳифзи пиряхҳо, асосҳои ташкилии омӯзиш ва назорати пиряхҳо, таъсис ва тартиби истифодаи Бунёди ҷумҳуриявии ҳифзи пиряхҳо, ташаккул ва истифодаи махзани иттилоъотӣ, пешбурди Феҳристи давлатии  пиряхҳои Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбута пешбинӣ гардидаанд, ки барои ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пирях фаро мегирад ва то кунун беш аз як ҳазор пирях пурра об шудааст. Ин дар ҳолест, ки 60 дарсади  захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бо ибтикори Тоҷикистон 14-уми декабри соли 2022  Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард.

Тибқи қатъномаи мазкур пас аз соли 2025  21-уми март ҳамчун «Рӯзи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, «Бунёди байнулмилалӣ ҳифзи пиряхҳо» таъсис шуд.

Дар баробари ин соли 2025 баргузории ҳамоиши сатҳи баланди байнулмилалӣ дар заминаи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед