Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мешаванд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мешаванд

Нашр шуд

Дар мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Сафири Қазоқистон дар Душанбе масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи фарҳанг баррасӣ гардид.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки роҳбари ин ниҳод Зулфия Давлатзода рӯзи 13-юми сентябр бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Душанбе Валихан Туреханов мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор ҷонибҳо зимни баррасии рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон ва  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистонро низ мавриди муҳокима қарор додаанд.

Манбаъ меафзояд, Давлатзода ва Туреханов ҳамчунин, доир ба иштироки намояндагони Қазоқистон дар Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад ва баргузории барномаи консертии ҳунармандони классики Қазоқистон дар Тоҷикистон табодули афкор намудаанд.

Бояд гуфт, ки соли 2008 низ дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон баргузор шуда буд. Қазоқистон аз шарикони муҳим ва стратегии Тоҷикистон аст.


Вазорати корҳои хориҷӣ: Тоҷикистону Туркия рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед