Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус ифтитоҳ шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурии Беларус тайи се рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи синамо ва намоишгоҳи адабии мустанад баргузор мегардад.

Шоми рӯзи 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 27 ноябр идома меёбанд. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки робитаҳои фарҳангию башардӯстонаи ду кишвар ба таври устувор рушд ёфта, бори чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар ин кишвар баргузор мегардад.

Аз сӯи дигар Валерий Громада, муовини аввали вазири фарҳанги Беларус гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои зичи фарҳангӣ мепайванданд.

«Дар Фестивали байналхалқии театрҳо дар Минск ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон бо беҳтарин намоишҳо иштирок намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар таърихи фарҳангии муносибатҳои мо марҳилаи муҳим гардид», - афзуд Валерий Громада.

Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ, мулоқоти Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Валерий Громада муовини аввали вазири фарҳанги Беларус ва ҳайати расмии ин кишвар доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.

Ҳамчунин 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи адабии мустанад баргузор шуд, ки дар он аксу мусаввараҳо барои тамошо гузошта шуданд.

Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон соли ҷорӣ маротибаи дуюм дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегардад.

Таъкид мешавад, ки бо ҳадафи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду кишвар то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед