Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ва намози ид муайян шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ва намози ид муайян шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ва намози ид муайян шуд

Нашр шуд

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷашни иди Қурбон дар кишварро 16 июн муқаррар кард.

Дар ин бора Кумитаи умури дини ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, имрӯз ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо иштироки раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои Шуро баргузор гардида, масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намози Ид матраҳ шуд.

Ҳамин тариқ, Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон дар ин кишвар  рӯзи 16 - уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳ  баргузор мегардад.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламои Тоҷикистон, имомхатибони масоҷид вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои  “идгардак” ҷалб намоянд.

Бояд гуфт, ки иди Қурбон 70 рӯз пас аз таҷлили Иди Рамазон таҷлил мешавад. Иди Қурбон бахше аз маросими ҳаҷ аст, ки аз 8 то 10 моҳи Зулҳиҷҷа, дар ҷараёни зиёрати Макка таҷлил мешавад.

Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки айёми забҳ ва қурбонӣ мегӯянд, таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин се рӯз зоирин муҳимтарин маносики ҳаҷҷи Акбарро дар Маккатуллоҳ анҷом медиҳанд.

Дар рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа, дар масҷидҳо намози Ид хонда шуда, мусулмононе, ки имкон дорад, гӯсфанд, буз, гов ё шутур қурбонӣ мекунанд. Гӯшти ҳайвони қурбонӣ ба се қисм тақсим гардида, як қисмат барои ниёзмандон дод мешавад, аз қисмати дуюм барои наздикон ва ҳамсоягон ғизо омода карда мешавад ва қисмати дигар  барои хонавода боқӣ мемонад. Инчунин дар рӯзҳои иди Қурбон аёдати беморон ва зиёрати қабри хешовандон анъана шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед