Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон раҳбари як ширкати бузурги ирсоли муҳоҷирон ба хориҷ боздошт шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон раҳбари як ширкати бузурги ирсоли муҳоҷирон ба хориҷ боздошт шуд

Дар Тоҷикистон раҳбари як ширкати бузурги ирсоли муҳоҷирон ба хориҷ боздошт шуд

Нашр шуд

Раҳбари ширкатро ба тасарруфи пули сокинони маҳаллӣ, ки ба онҳо дар Британияи Кабир ҷойи кор ваъда додааст, муттаҳам мекунанд.

Кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мудири кулли ширкати «Арса»-ро, ки ба интиқоли муҳоҷирони корӣ ба хориҷа машғул буд, боздошт кардаанд.

Маркази матбуоти оҷонсӣ хабар дод, ки номбурда дар тасарруфи пули сокинони маҳаллӣ, ки ба онҳо ваъдаи кор дар Британияи Кабир додааст, муттаҳам мешавад.

Ба иттилои тафтишот, "Одилов Қ.М., бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз эътимод» аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи апрели соли 2024 аз муҳоҷирони корӣ бо ваъдаи ҷойи кор дар Британияи Кабир аз як нафар то 25 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оҷонсӣ, Одилов қаблан медонист, ки ширкати ӯ бо ширкатҳои бритониёӣ ягон созишномаи ҳамкорӣ надорад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, мудири кулли ширкати "Арса" ба ҷои хидматрасонӣ, маблағи умумии 550 ҳазор сомониро аз худ карда, як мошини тамғаи Toyota Land Cruiser харида, боқимондаашро барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф кардааст. Дар ҳоли ҳозир алайҳи Одилов аз рӯи моддаи қаллобӣ дар ҳаҷми калон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯро то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар рафти тафтиши парванда номбурда ба ҳабс гирифта шуд. Кормандони Оҷонсии зидди фасод аз ҳар нафаре, ки аз амалкарди Одилов зарар дидааст, даъват мекунанд, ки ба ин ниҳод шикоят кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути 26 ширкат, ки муҷаввиз барои содироти нерӯи кориро доранд, 5158 шаҳрванди Тоҷикистон дар 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Бритониё, Олмон, Маҷористон, Туркия, АМА, Арабистони Саудӣ ва ғайра ба кор таъмин шудаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед