Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон сабтиноми довталабон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ оғоз шуд
Нашр шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон даври якуми сабтиноми довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз шуд. Номнависии довталабон дар маконҳои сабтиноми доимӣ ва сайёри шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи саросари Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки имсол давраи якум (асосӣ)-и сабтиноми довталабон дар 59 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон дар 47 макони доимӣ ва дар 16-тои макони сайёри сабтиноми баргузор мешавад.
Барои амалӣ кардани фаъолияти маконҳои доимӣ ва сайёри сабтином дар саросари Тоҷикистон маркази мазкур 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва сабткунандаи макони сабтином ба кор ҷалб кардааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши вижа гузаштаанд.
Даври якуми сабтиноми довталабон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ то 30-юми апрели соли 2024 идома меёбад.
Тибқи нақшаи Маркази миллии тестӣ, имсол даври якум (асосӣ) дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон (И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷиканд, Б.Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кушониён, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) сурат мегирад.
Довталаб сарфи назар аз аз ҷойи иқомат ва макони сабтином метавонад яке аз шаҳру ноҳияҳоро барои имтиҳонсупорӣ интихоб кунад.
Арзиши хидматрасонӣ барои сабтиноми довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 100 ҳазор донишомӯзи мактабҳои таҳсилоти умумӣ синфи 11-ро хатм мекунанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед