Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон шумораи фавтидагон аз мавҷи дуввуми COVID-19 ба 109 нафар расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шумораи фавтидагон аз мавҷи дуввуми COVID-19 ба 109 нафар расидааст
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон шумораи фавтидагон аз мавҷи дуввуми COVID-19 ба 109 нафар расидааст

Нашр шуд

Шабонарӯзи гузашта 47 ҳолати нави гирифторшавии сокинони мамлакат ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин росто, дар беморхонаҳо 19 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз аввали пандемия то рӯзи 14-уми июл дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 13958 нафар ба бемории COVID-19 мубтало шуда, 13600 шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар таъкид менамояд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус қоидаҳои беҳдоштро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиддӣ риоя намоянд.



Омор: Дар Тоҷикистон боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед