Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон соли гузашта 30 ва имсол 12 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон соли гузашта 30 ва имсол 12 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон соли гузашта 30 ва имсол 12 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст

Нашр шуд

Кумитаи рушди сайёҳӣ аз таъсиси шаш ширкати нави сайёҳӣ дар кишварамон хабар дода, афзудааст, ки дар соли ҷорӣ ба 12 ширкати гардишгарӣ иҷозатнома додааст.

Ба навиштаи сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ниҳод дар як маросим ба шаш ширкати навтаъсиси сайёҳӣ бо номҳои «Дамир», «Саёҳати Диёр», «Сайри Дарвоз», «Айён», «Иттиҳодияи илми истеҳсолии Асил» ва «Тоҷик Тур» иҷозатномаи фаъолият додааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар бозори сайёҳии кишвар, тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ 228 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 12 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис пас аз дарёфти иҷозатнома аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, омодагии худро ба рақобати солим бо роҳи омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ иброз доштаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом шудааст.


Душанбе: Дар ниммарафони СҲШ шаҳрвандони Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед