Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил 1 сентябр шуруъ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил 1 сентябр шуруъ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил 1 сентябр шуруъ мешавад

Нашр шуд

Рӯзи 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад. Рӯзи дониш новобаста аз он ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи оғози дарсҳо аст. 

Дар ин бора «Ховар» бо такя бa Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар соли хониши 2024-2025 дар Тоҷикистон тақрибан 260 ҳазор нафар ба синфи якум мераванд.

Аз ин миён 125 ҳазор духтар ва 135 ҳазор писарон ҳастанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 3991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2024 дар ин кишвар сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед