Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон стипендияҳо боз зиёд мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон стипендияҳо боз зиёд мешаванд

Дар Тоҷикистон стипендияҳо боз зиёд мешаванд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастур “Дар бораи зиёд намудани ҳаҷми стипендияҳои муассисаҳои таълимии олию миёнаи касбии ҷумҳуриро” ба имзо расонданд. 

Тибқи ин дастур, аз 1 сентябри соли 2021 барои донишҷуёни донишгоҳҳову колеҷҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва АкадемияиВКД, ва дар ҳаҷми 30% ба магистру, докторанту аспирантҳо зиёд карда мешавад.

Тавре ҳамагон медонанд, аз 1 сентябри соли 2020 дар баробари музди меҳнати кормандон, стипендияҳо низ 15% зиёд шуда буд ва аз 1 январи соли 2021 бошад, боз ҳаҷми стипендияҳои аспирантҳову докторантҳо, гирандагони стипендияи президентӣ ва шумораи гирандагони стипендияи президентӣ илова шуд.

Айни ҳол ҳаҷми стипендияҳо барои донишҷӯён 239, 173 ва 64 сомонӣ вобаста аз рӯи хониш ташкил медиҳад. Барои Аспирантҳо 564 сомонӣ ва стипендияи президентӣ бошад 942 сомонӣ муқаррар шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед