Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон таҳсилоти кӯдакон то синфи 11 ҳатмӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таҳсилоти кӯдакон то синфи 11 ҳатмӣ шуд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таҳсилоти кӯдакон то синфи 11 ҳатмӣ шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон рӯзи 1-уми март тағйирот ба Қонуни маорифро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Дар тавзеҳот гуфта мешавад, ки тибқи тағйирот ба Қонуни маорифи Тоҷикистон ҳамаи донишомӯзон ба таълими миёнаи умумӣ (синфи 11) фаро гирифта мешаванд.

Зикр мешавад, ки донишомӯзон пас аз хатми синфи 9 метавонанд дар мактабҳои миёнаи умумӣ ё дар ҳунаристонҳо таҳсил кунанд.

Дар идома таъкид мешавад, тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки донишомӯзон дар як вақт ҳам соҳиби маълумоти умумӣ ва ҳам соҳибҳунар гарданд.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки тағйироти воридгардида ба омода кардани кормандҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори кор мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки то кунун дар Тоҷикистон барои кӯдакон таҳсил то синфи 9 ҳатмӣ буд.

Раҳим Саидзода, вазири илму маорифи Тоҷикистон ахиран зимни баррасии тағйирот ба Қонуни маориф дар порлумон гуфт, ки бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 ҳазору 200 нафар донишомӯз ҳалли худро меёбад.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар Тоҷикистон соли 2023 ноболиғон 474 ҷиноят содир карданд, ки тибқи таҳлилҳо аз 551 нафар ноболиғи ҷинояткор 436 нафари онҳо (79,1%) ноболиғони дурмонда аз кор ва таҳсил ҳастанд.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон наздики 4 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёни умумӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 2,2 милён нафар донишомӯз таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед